Намоишгоҳи универсалии Тоҷикистону Чин доир мешавад
Душанбе, 06.02.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).-Назар ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, 4 феврал раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид дар ҷараёни сафари кориаш ба Чин бо сардори Раёсати бахши тиҷорати Ҳукумати ноҳияи мухтори Синҷону Уйғур Ся Гуантай мулоқот анҷом дод.
Мусоҳибон масоили рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёту тиҷорат, аз ҷумла дар амри доир намудани намоишгоҳу ярмаркаҳоро баррасӣ намуданд. Зикр шуд, ки ҳамкории Тоҷикистон ва ҶМЧ ҳанӯз аз давраҳои Роҳи бузурги абрешим идома дорад. Асоси заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳар ду кишварро беш аз 200 созишномаҳои байнидавлатию байниҳукуматӣ ташкил медиҳад. Чин яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Шариф Саид изҳор дошт, ки Чин шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, рушду таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи дӯстию ҳамкорӣ бо ин кишвар яке аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Раиси ПСС ҶТ зикр намуд, ки дар Тоҷикистон вазъияти мусоиди сармоягузорӣ фароҳам оварда, таҳкурии қонунӣ барои дастгирии сармоягузорони инфиродӣ гузошта шудааст.
Дар ҷараёни мулоқот раиси ПСС ҶТ Шариф Саид ва сардори раёсати бахши тиҷорати Ҳукумати ноҳияи мухтори Синҷону Уйғур Ҷаноби Ся Гуантай созишномаро дар бораи аз 24 то 26 сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе доир намудани Намоишгоҳи универсалии маҳсулоти саноатӣ ва технологияҳои Чин имзо намуданд.
Дар анҷом ҷонибҳо механизму шартҳои доир намудани Намоишгоҳи универсалии Чинро мавриди муҳокима қарор доданд.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






