Намоиши ҳунарҳои дастии Тоҷикистон дар Франкфурт
Душанбе, 13. 02.2015. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода). — Барои нахустин бор маҳсулоти ҳунарҳои дастии Тоҷикистон дар намоишгоҳи маъруфи байналмилалии молҳои истеъмолӣ — «Ambiente», дар шаҳри Франкфурти Олмон аз 13-ум то 17-уми феврал ба намоиш гузошта мешавад.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Маркази тиҷорати байналмилалӣ иттилоъ доданд, иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон ва ширкати “Умед” бо мусоидати МТБ Тоҷикистонро дар муҳимтарин намоишгоҳи тиҷоратии молҳои истеъмолӣ дар ҷаҳон намояндагӣ мекунанд. Ин сафар аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи «Барномаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ дар Тоҷикистон» маблағгузорӣ мешавад.
Ҳамасола дар намоишгоҳи «Ambiente» 4700 ширкат қариб аз 90 кишвар ва тақрибан 145 ҳазор меҳмон аз 160 кишвари ҷаҳон иштирок мекунад. Дар ҷараёни он чандин чорабиниҳои дигар гузаронида мешаванд, ки дар онҳо равандҳои тозатарини соҳаи саноат ба маъраз гузошта шуда, ҳамчунин имконияти барқарор кардани тамосҳои нав фароҳам меояд. Ширкаткунандагони намоишгоҳ аз навовариҳои корбурд дар мӯди тарроҳӣ ва равандҳои мӯдсозии бозор огоҳ мешаванд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






