Намоиши асарҳои рассомони Эрон дар КМТ
Душанбе, 09.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) бо ибтикори Ройзании фарҳангии Эрон намоиши асарҳои рассомони Эрон баргузор гардид. Дар намоиш ҳудудан 45 асари офаридаи се рассом: Довуд Сулаймонӣ, Козим Хуросонӣ ва Майсам Нилӣ, ки дар риштаи кандакорӣ ва хушнависӣ дар рӯи чӯб тасвир ёфтаанд, ба тамошо гузошта шуд.
Тавре ки сомонаи расмии Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар намоишгоҳ Сафири Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуҷҷатулло Фағонӣ иштирок намуда гуфт: «Мақсади баргузории чунин чорабиниҳо ба ҳам наздик намудани равобити фарҳангии ин ду кишвар буда, умед бар он дорем, ки дар оянда ҳамкориҳои дуҷониба боз ҳам тақвият хоҳанд ёфт».








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






