Насби таҷҳизоти муосири тиббӣ дар беморхона
Кӯлоб, 28.02.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Дар беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ тадбирҳои мушахас рӯи кор омада, дастрас гардидани як силсила таҷҳизоти муосири муоина ва табобатӣ кори табибон ва беморонро хеле осон гардонидааст.
Дар айни замон беморхона дорои 270 кат буда, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мебошад ва дар он 56 духтур ва 260 нафар ҳамшираи шафқат фаъолият менамояд.
Абдулатиф Нозимов- сардухтури беморхонаи вилоятии шахри Кӯлоб дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки бо мақсади ба роҳ мондани истифодаи дурусту саҳеҳи таҷҳизоти муосир, аз қабили эндовидеоҷарроҳӣ, литокриптор ва гемодеализ роҳбарияти беморхона давра ба давра духтурони соҳибтаҷрибаро ба курсҳои бозомузӣ сафарбар намуда, дар оянда нақша доранд сатҳу сифати хизматрасонии тиббиро бо меъёрҳои байналмилалии ташхису табобат мутобиқ гардонанд, то шаҳрвандон дигар баҳри гирифтани табобат ба марказ ва кишварҳои хориҷӣ нараванд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






