Нашъаҷаллобон дастгир шуданд
Душанбе, 02.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар шаҳри Душанбе нашъаҷаллобонро дастгир карданд.
Тавре ки Агентии назорати маводи нашъаовари ҶТ хабар медиҳад, дар ҷараёни амалиёт дар канори пойтахт мошини дорои тамғаи Opel Vestra — и сокини шаҳри Кӯлоб дастгир шуд.
Ҳангоми тафтиш аз бағоҷи мошин ду халта биринҷ пайдо гардид, ки дар онҳо бастаҳои махсус ҷойгир карда шуда буданд.
Мутахассисони шӯъбаи таҷзияи судии агентӣ муқаррар намуданд, ки дар як халта қариб 9 килограмм героин ва дар халтаи дуюм 18 килограмм ҳашиш пинҳон карда шуда будааст, ки вазни умумии онҳо қариб 27 килограммро ташкил медиҳад.
Тафтишоти пешакӣ муайян кард, ки ронандаи мошин ва шарики ӯ, сокини ноҳияи Панҷ, маводи нашъаоварро аз сокини 39 — солаи вулусволии Имомсоҳиби вилояти Қундузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон харидорӣ карда ва онро аз шаҳри Душанбе ба вилояти Суғд ва оз он ҷо барои фурӯш ба Федератсияи Русия бурданӣ будаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






