Низоми омори кишвар ба маблағи 2,5 $ такмил хоҳад ёфт
Душанбе, 13.02.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар ояндаи наздик низоми фаъолияти ниҳоди омори кишвар такмил хоҳад ёфт, зеро вакилони Парлумони Тоҷикистон Мактуб -Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд оид ба татбиқи лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди омор»-ро баррасӣ ва тасдиқ намуданд.
Шодмон Шокиров-муовини аввали директори Агентии омори назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар назди вакилони Парлумон гуфт, ки Созишномаи грантӣ аз ҷониби Вазорати молияи Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ба маблағи 2,5 миллион $ дар моҳи октябр соли 2014 дар Душанбе ба имзо расонида шудааст.
Намояндаи масъули ниҳоди омори Тоҷикистон афзуд, ки ҳадафи лоиҳаи мазкур устувор гардонидани низоми миллии омори кишвар, паҳн намудани маълумотҳои муътамаднок ва шаффоф мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, устувор гардонидани малакаи институтсионалии Агентии омори ҷумҳурӣ, беҳтар намудани идораи захираҳои инсонӣ, баланд бардоштнаи сифати механизми маълумотҳо, таҷдиди инфрасохтори агентӣ, хусусан замонависозии технология ва таҷҳизоти мавҷуда, инчунин пайвастани техникаи информатсионӣ мебошад.
Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон бо дахли муҳимияти бахши омори кишвар дар пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ гуфт, ки бобати аз байн бурдани камбудию норасоиҳои ҷойдошта дар низоми омори мамлакат бояд Агентии омор фишангҳои худро дошта бошад ва раванди рушди иқтисодиёт, дурнамои он ва он ҳолатҳое, ки ба вуҷуд меоянд, бо таҳлилҳо нишон диҳад, зеро вақте ки ниҳоди омори мамлакат аз истеҳсоли 1 миллион тонна картошка дар ҷумҳурӣ маълумот ироа менамояд, бояд омори мушаххас пешниҳод созад, ки чанд тоннаи он ба хориҷа содирот шуд, чанд тоннаи дигараш ба бозорҳо бароварда шуд, чӣ қадар захира гардидааст ва барои чӣ намерасад ва барои чӣ аз Покистон картошка ворид мешавад. Раиси палатаи поёнии Парлумон таъкид кард, ки бояд 2,5 миллион $ барои беҳдошти бахши омори кишвар самаранок истифода гардад.
Зикр шуд, ки лоиҳа аз ҷониби Агентии омори кишвар дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои кишвар амалӣ гардонида мешавад. Татбиқи лоиҳаи мазкур аз нимаи дуюми соли 2015 оғоз меёбад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






