Низомиёни Зеландияи Нав ба Ироқ мераванд
Душанбе, 25.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Мувофиқи иттилои сарвазири Зеландияи Нав Ҷон Кей 106 нафар низомиёни Зеландияи Нав ба минтақаи Тадҷи, воқеъ дар қисми шимолии шаҳри Бағдоди Ироқ барои мубориза бар зидди силоҳбадастони гурӯҳи «Давлати исломӣ» фиристода хоҳанд шуд. Гуфта мешавад, ки муҳлати буду боши низомиёни Зеландияи Нав дар Ироқ 9 моҳ муқаррар шудааст.
Душанбе, 25.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си мудати як ҳафта аст, ки ҷангиёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар вилояти Хасакаҳ, воқеъ дар қисми шимолу шарқии Сурия ба қатли аҳолии осоишта даст мезананд. Бояд гуфт, ки қабилаҳои асурӣ, ки имконияти фирор карданро надоштанд, аз ҷониби ҷангиёни «Давлати исломӣ» асир гирифта шуданд.
Душанбе, 25.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Тавре ки расонаҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия менависанд, ҷустуҷӯи 3 толибилми табааи Британияи Кабир, ки аз маҳали зисти худ фирор карда, мақсади дар ҳудуди Сурия бо гурӯҳҳои ифротӣ пайваст шуданро доштанд, то ҳол идома дорад. Ба иттилои мақомоти қудратии Британияи Кабир гурӯҳи «Давлати исломӣ» тавонистааст, ки қариб 600 нафар шаҳрванди ин мамлакатро ба сафи худ шомил намояд.
Душанбе, 25.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Шаби гузашта дар яке аз манзилҳои зисти истиқоматии қисми ғарбии шаҳри Маскави Федератсияи Русия сӯхтори шадид ба амал омад. Дар ҷои ҳодиса ду нафар ба ҳалокат расид. Мувофиқи маълумоти расида, оташсӯзӣ дар яке аз биноҳои 9 ошёна сар задааст. Бо мақсади бартараф намудани алангаи оташ кормандони Хадамоти мубориза бар зидди сӯхтор бо истифода аз техникаҳои зарурӣ фаъолият намуданд. Тафтиш дар ин самт идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






