Ноболиғ сабабгори ҳалокати 4 шаҳрванд

Февраль 10, 2015 15:18

Душанбе, 10.02.2015. (АМИТ «Ховар»,  Муқаддас  Темурзода).- Бар  асари тасодуми нақлиётӣ 4  нафар   шаҳрвандон  ҳалок  гардиданд. 
Назар ба  иттилои  ВКД  ҶТ, як  нафар  ноболиғи   шаҳри  Қӯрғонтеппа ҳангоми  идораи  мошини  шахси  дигар дар  роҳи байни  ноҳияҳои  Ҷалолиддини Румӣ ва  Қумсангир  аз  ӯҳдаи  идораи  нақлиёт набаромада,  ба  мошини  Абдулвоҳид  Ҳамроев — сокини  ноҳияи  Рӯдакӣ,  бархӯрд.
Бар  асари  ин  ҳодиса  ронандаи  мошини «Opel Astra» А. Ҳамроев  ва  мусофиронаш — сокинони  ноҳияи  Рӯдакӣ Муруватшо  Наврӯзов,  Табаракшо  Наврӯзов  ва  сокини  ноҳияи  Кумсангир  Ҳусейн  Ӯрозалиев  ҷароҳати  вазнин  бардошта,  дар  маҳалли  воқеа  ҳалок  шуданд.

Февраль 10, 2015 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!