Нури «Чароғи ҳидоят» дар хобгоҳҳои донишгоҳ
Душанбе, 14.02.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар хобгоҳҳои № 2 ва № 9-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баҳри амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои дар Паём баён намудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки устодон ва донишҷӯён маҳфили навбатии тарбиявию маърифатии «Чароғи ҳидоят» доир гардид.
Тавре аз ДДХ иттилоъ доданд, мутахассиси шуъбаи тарбияи донишгоҳ Маҳмудҷон Ӯлмасов мавзӯи «Вазифа ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва уҳдадориҳои фарзанд дар назди волидайн ва ҷомеа дар партави Паёми Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳлил ва маънидод намуда, ахлоқу одоби ҷавонон, фарҳанги истифодаи телефонҳои мобилӣ, ки бархе аз толибилмон аз ҷой ва мавриди истифодаи он кам огоҳанд, маълумоти муфассал дод.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






