Нуробод: Паём-роҳнамо барои фаъолияти минбаъда
Душанбе, 14.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод вохӯрии гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар бо роҳбарии Абдураҳмон Маҳмадов-машваратчии калони Шӯрои амнияти миллӣ оид ба фаҳмонидани муҳтавои Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Тибқи иттилои корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ноҳия Гулрухсор Неъматова, А. Маҳмадов зикр кард, ки Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамое барои фаъолияти минбаъдаи ҳар як сохтори давлатӣ мебошад. Дар Паёми имсолаи хеш бо назардошти муҳимияти пойдории оилаи солим, ки асоси ҷомеаи солим аст, Сарвари давлат соли 2015-ро соли оила эълон намуданд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари Давлат тамоми тадбирҳоро андешем.
Раиси ноҳияи Нуробод Сайдамир Сиёмарзода аз ҷумла афзуд, ки Паёми навбатии Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ моҳиятан ватандӯстиву меҳанпарварӣ буда, он пеш аз ҳама арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу оини давлатдориро фаро мегирад. Дар ин радиф мо бояд қарзи шаҳрвандии худро дар назди миллат ба ҷо орем.
Баргузории чунин вохӯриву суҳбатҳо бо иштироки масъулин дар деҳоти Ҳакимӣ, Муҷихарф, Комсомолобод ва Сафедчашма низ дар назар аст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






