Нуробод: Сохтмони биноҳои таълимӣ идома дорад
Душанбе, 28.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар айни ҳол дар ноҳияи Нуробод 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва як мактаб- интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятиму бепарастор фаъолият дорад.
«Сохтмони биноҳои нави таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ идома дошта, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардонда мешаванд. Соли гузашта бо дастгирии ЮНИСЕФ ва ЮНДР дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 деҳаи Зорон 6 синфхонаи иловагӣ сохта шуда, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 3, 4, 31 ва 86 таъмир шуданд. Бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми кишвар корҳои ободонӣ ва сохтмонии варзишгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 дар деҳоти «Сафедчашма» бо маблағи 520 ҳазор сомонӣ аз тарафи ҶДММ «Нуробод- лоиҳа» сохта, мавриди истифода қарор дода шуд»,-иброз намуд раиси ноҳияи Нуробод Сайдамир Сиёмардзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» ва илова намуд, ки муҳайё гардондани шароити мусоид имкон медиҳад, ки сифати таълиму тарбия беҳтар шавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






