Оғози барномаи нав дар мубориза бо сил

Февраль 17, 2015 10:47

Душанбе, 17.02.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Барномаи  нави назорати сил дар кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз гардид. Ҳадафи ин барномаи минтақавӣ такмили ташхис ва табобати сил дар Тоҷикистон мебошад. Барномаи мазкур идомаи барномаҳои қаблии USAID мебошад, ба монанди: “TB CARE I”, “Тандурустии босифат” (QHCP) ва “Муошират оиди ВНМО ва бемории сил”.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти вазорат иттилоъ доданд, дар натиҷаи ҳамкории муштараки USAID ва Ҳукумати Тоҷикистону дигар шарикон дар мубориза бар зидди сил вазъият дар панҷ соли охир ба эътидол оварда шуд. Аммо, бино ба ҳисоботи охирини ҷаҳонӣ дар бораи сил афзоиши шакли мутобиқгаштаи сил дар ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ боиси нигаронист. Ҳадафи барномаи панҷсолаи USAID оид ба назорати сил паст намудани сатҳи бемории сил ва шакли мутобиқгаштаи он дар Тоҷикистон мебошад. Барнома ба беҳтаргардонии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба ташхис ва табобати бемории сил бо истифода аз усулҳои ба бемор нигаронидашуда, тақвияти таҳлилгоҳу дигар қисматҳои тандурустӣ дар вилояти Суғду Хатлон ва водии Рашт, ҳамчунин қабули ҳуҷҷатҳои танзимкунанда дар сатҳи миллӣ равона шудааст.
Сафир Эллиотт дастоварди бузурги USAID ва Ҳукумати Тоҷикистонро дар мубориза бар зидди сил зикр намуда, иқрор намуд, ки мубориза ҳанӯз ба охир нарасидааст.
Барнома аз ҷониби консортсиуми шарикон бо роҳбарии Лоиҳаи “ҲОУП” ва дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Шоҳигарии Нидерланд оид ба мубориза бар зидди бемории сил (KNCV), Созмони байналмилалии муҳоҷират, Фонди СПИД Шарқу Ғарб амалӣ мегардад.
“Барномаи назорати бемории сил”-и USAID бо буҷаи пешбинигардидаи 13,2 миллион доллари ИМА дар муддати панҷ сол боз як мисоли кумаки Ҳукумати ИМА барои беҳтар намудани саломатии шаҳрвандони Тоҷикистон аст. Кумакҳои грантии USAID ба Тоҷикистон ҳоло ба ҳисоби миёна ҳар сол тақрибан 30 миллион долларро ташкил медиҳанд, ки аз он 30% ба соҳаи тандурустӣ равона шудааст.
 
 

Февраль 17, 2015 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд