Оғози даври пешакии Ҷоми ФФТ

Февраль 17, 2015 09:16

Душанбе, 17.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Шурӯъ аз дирӯз, 16-уми феврал даври пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар минтақаи Суғд ва Душанбе  оғоз ёфт. 
Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, дар даври пешакии мусобиқа дар минтақа Суғд шаш даста ширкат дорад, ки бар асоси қуръакашӣ ба ду гурӯҳ тақсим шудааст. 
Ба гурӯҳи «А” се дастаи лигаи олӣ — «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) ва «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров), ба гурӯҳи «Б» се дастаи лигаи аввал -«Канд» (Конибодом), «Қайроққум» (Қайроққум) ва «Эсхата» (Хуҷанд) дохиланд. Мувофиқи дастури мусобиқа аз ин минтақа ғолибони гурӯҳҳо ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳхат мегиранд. 
Гуфта мешавад, ки дар минтақаи Душанбе 7 даста дар як давра рақобат мекунад. Инҳо дастаҳои лигаи олӣ  — «Истиқлол» (Душанбе), ССКА «Помир» (Душанбе), «Хайр» (Ваҳдат), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), ду дастаи лигаи аввал — «Кӯктош» (Рӯдакӣ) ва «Локомотив» Душанбе), инчунин мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23), ки ба сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 омодагӣ мебинад, мебошанд. Бозиҳои ин минтақа дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд. Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ аз минтақаи Душанбе чаҳор дастаи беҳтарин роҳ меёбад. 
Ёдовар мешавем, ки маблағи ҷоизаи Ҷоми ФФТ имсол 45 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб ба ҷуз Ҷоми ФФТ 20 ҳазор сомонӣ супурда мешавад. Дастае, ки ҷойи дуюмро мегирад, бо 15 ҳазор сомонӣ ва дастае, ки ҷойи сеюмро мегирад, бо 10 ҳазор сомонӣ сарфароз мегардад.
 

Февраль 17, 2015 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад