Оғози лоиҳаи кумакҳои бебозгашти Ҷопон дар Рашт
Душанбе, 13. 02.2015. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода). — 12 феврали соли 2015 маросими ба тасвиб расидани созишномаи грантӣ оид ба Лоиҳаи беҳтар гардонидани марказҳои дастгирии кўдакони имконияташон маҳдуд дар ноҳияи Рашт дар Душанбе баргузор гардид.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, созишномаи мазкур аз ҷониби Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаши Камада ва раиси ноҳияи Рашт Қаноатшо Лоиқов, ба тасвиб расид. Маблағи умумии 102,371 доллари ИМА аз тарафи Ҳукумати Ҷопон барои лоиҳаи мазкур дар доираи барномаи кумакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ ҷудо гардид.
Мавриди зикр аст, ки дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳа бинои Маркази хизматрасониҳои рӯзонаи Аниса пурра таъмир мегардад ва Маркази нави машваратгоҳи равониву тиббӣ-омӯзгорӣ дар Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт таъсис меёбад. Ҳамзамон тавассути лоиҳаи мазкур ҳарду иншоот бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида мешаванд. Бо анҷом ёфтани лоиҳа иншоотҳои мазкур метавонанд ба кӯдакони имконияташон маҳдуд дар ноҳияи Рашт ва атрофи он хизматҳои ҳамаҷониба ва кумак расонанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






