Оғози сохтмони мактаби нав дар деҳаи Румӣ
Душанбе, 20.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Бо иштироки раиси вилояти Суғд дар деҳаи Ҷалолуддини Румии ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ санги асоси бинои мактаби нав гузошта шуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии раиси вилоят, мактаби нав дуошёна буда, барои 340 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст ва аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохта мешавад. Роҳбари вилоят аз корҳои ободониву созандагӣ дар миқёси вилоят, аз ҷумла ноҳияи Мастчоҳ ҳарф зада, ба кори деҳқонони ноҳия дар самти парвариши полезиҳо баҳои баланд дод.
Падидаи дигари фараҳбахш барои сокинони ноҳия ин навсозии боғи маданият ва истироҳати шаҳраки Бӯстон мебошад. Ба муносибати эълон гардидани соли фарҳанг ин иншооти фароғатии мардум, ки солиёни зиёд моҳияти аслии худро гум кардаву нообод боқӣ монда буд, дубора ба макони озодаву зебои истироҳатӣ табдил дода мешавад. Раиси вилоят бо лоиҳаи навсозии боғ шинос шуда, аз масъулин тақозо намуд, ки таъмиру таҷдиди онро бо сифати баланд ба роҳ монанд. Пеш аз ҳама ба шинонидани дарахтони ороишӣ ва чароғонкунии ҳудуди боғ бояд эътибор дод.
Тавре ки Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, зимни сафари корӣ роҳбари вилоят дар хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Алимаҳмад» бо фаъолияти гармхонаҳо шинос шуд. Ин хоҷагӣ 30 гектар замин дошта, дар масоҳати 1 гектари он 10 гармхона бунёд шуда ва дар нуҳтои он помидор ва дар яктои дигар лиму парвариш мешавад. Ҳосили гармхонаҳо хуб буда, помидоре, ки моҳи сентябр корида буданд, аллакай барои фурӯш омода аст. Қисми боқимонда дар моҳи март тайёр мешавад. Дар гармхона 25 нафар кор мекунад ва дар ҳар гармхона аз 2200 то 2400 бех помидор кишт шуда, миқдори ниҳолҳои лиму 91 ададро ташкил медиҳад. Аз ҷониби дигар зиёд шудани миқдори гармхонаҳо ва ҳосилнокӣ боиси то андозае паст рафтани нархи помидор дар фасли зимистон гардидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






