Оғози Спартакиадаи донишҷӯён
Душанбе, 14.02.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Аз 17 феврал то 10 апрели соли ҷорӣ дар маҷмааи варзишии «Хуррамшаҳр» ва майдончаҳои варзишии кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Спартакиадаи ХХIV донишҷӯёни факултаҳо доир мегардад.
Ба иттилои декани факултаи тарбияи ҷисмонии донишгоҳ Сайфулло Бойматов мақсади спартакиадаи донишҷӯён тарғибу ташвиқи намудҳои гуногуни варзиш, таҳкими дӯстӣ ва ватанпарастӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби донишҷӯён ба машғулиятҳои мунтазами варзишӣ буда, он аз рӯи 10 намуди варзишӣ: гӯштинҳои тарзи озод ва камарбандӣ, бокс, футбол, волейбол (писарону духтарон), баскетбол (писарону духтарон), теннис, шоҳмот, шашка, варзиши сабук гузаронида мешавад. Дастаҳои ғолиб бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии Раёсати донишгоҳ қадршиносӣ мешаванд.
Гуфта мешавад, ки маросими ифтитоҳи чорабинии мазкур бахшида ба Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 феврал дар маҷмааи варзишии «Хуррамшаҳр»-и донишгоҳ пешбинӣ гардидааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






