Оқибати фалокатовари садамаи нақлиётӣ

Февраль 5, 2015 11:30

Душанбе,  05.02.2015. (АМИТ «Ховар»,  Муқаддас  Темурзода).- Ронандаи  мошини  тамғаи Opel Vestra, сокини  шаҳри  Хуҷанд  Далер  Аҳмедов,  ки шаҳодатномаи ронандагӣ  надошта, мошини  сокини 22 —  солаи  шаҳри  Хуҷанд Шӯҳрат  Раҷабовро  дар  кӯчаи  Гагарини  ин  шаҳр  идора  мекард, бар  асари риоя  нашудани  қоидаҳои  ҳаракат  дар  роҳ  ба  пояи  сими  барқ  бархӯрд.
Назар  ба  иттилои  ВКД  ҶТ,  дар  натиҷаи  ин  воқеа  мусофири  мошин  сокини 18 — солаи  шаҳр  Фирӯз  Хоҷамқулов  ҷароҳатҳои  вазнин  бардошта,  дар  ҷойи  воқеа  ҳалок  шуд. 

Февраль 5, 2015 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд