Об- асли мавҷудият
Душанбе, 6.02.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз дар факултаи геоэкологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Об- асли мавҷудият» бахшида ба Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оид ба оқилона истифодаи об, ҷамъбасти даҳсолаи «Амалиёт об барои ҳаёт» бо иштироки устодон ва донишҷӯёни курсҳои якум ва чорум чорабинии тарбиявӣ доир гардид.
Тавре ки аз ДДХ иттилоъ доданд, дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиат Фотима Очилова дар мавзӯи «Об — ин зиндагист, об — манбаи ҳаёт аст» маърӯза намуда, афзуд, ки дар тибқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин кардани аҳолии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2010 — 2018 беш аз як миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз як силсила корҳо иҷро шудаанд. Ф.Очилова иброз дошт, ки тӯли чанд даҳсолаи охир пиряхҳои Тоҷикистон, ки аз муҳимтарин манбаъҳои оби минтақаанд, қариб 30 фоизи ҳаҷми худро гум кардаанд ва ин тамоюл пайваста идома дорад. Дар ин муддат аз 14 ҳазор пирях ҳазортои он ба куллӣ нобуд шудаст. Фақат пиряхи Федченко — бузургтарин пиряхи қитъаи хушкии Замин дар ин давра қариб 1 километр кӯтоҳ шуда, масоҳаташ ба андозаи 11 километри мураббаъ ихтисор гаштааст ва ҳаҷман тақрибан 2 километри мукааби ях талаф ёфтааст. Ҳадафи асосии даҳсола аз расонидани мусоидат ба ҷаҳду талошҳо ба хотири иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи об ва захираҳои об бо он алоқаманд то соли 2015, аз ҷумла дар самти ду баробар кам кардани қишри аҳолие, ки ба оби ошомиданӣ безарар ва беҳдошти санитарӣ дастрасӣ надорад. Иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон марбут ба об ба фаъол сохтани ҷаҳду талошҳо дар ҷодаи оқилона истифода бурдани об такони нав бахшид ва даъват намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин кори хайр саҳмгузор бошанд.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






