Охирин иҷлосияи ММ МО ҶТ дар даъвати чорум
Душанбе, 18.02.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Тибқи қарори ба имзорасидаи раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев 5 марти соли равон дар шаҳри Душанбе иҷлосияи бистуякум ё охирин иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати чорум баргузор мегардад.
Аз палатаи болоии Парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар иҷлосия қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» ва «Дар бораи нафт ва газ» баррасӣ ва ҷонибдорӣ хоҳанд гардид. Ҳамзамон баррасии дигар масоили марбут ба рушди ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар назар аст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






