Оила — мазраест софу беғубор
Душанбе, 9.02.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дар хобгоҳи №3-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доир ба мавзӯи «Соли 2015-соли оила»мулоқот бо иштироки раиси раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Суғд Фирӯза Раҳимова доир гардид, ки дар он ҳамзамон муовини сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд подполковники милитсия Пӯлодҷон Саидов, сармутахассиси шуъбаи тарбияи раёсати донишгоҳ Ӯғулой Умаралиева, устодон ва донишҷӯдухтарон ширкат варзиданд.
Тавре ки аз ДДХ иттилоъ доданд, Фирӯза Раҳимова дар мавзӯи «Оила мазраест софу беғубор» гузориши муфассал намуда, аз ҷумла афзуд, ки оила мафҳуми муқаддас ва беолоиш аст, он барои ҳамагон азиз ва муътабар аст. Нигоҳдории оила ва тарбияи солими он ба нафъи давлату ҳукумат аст.
Подполковники милитсия Пӯлодҷон Саидов дар баробари пешравиҳо дар соҳаи мухталифи кишвар ва нақши занҳо дар он, ҳамчунин аз камбудиву ҷинояткории занону духтарон изҳори нигаронӣ намуда, чанд мисол аз парвандаҳои ҷиноятӣ овард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






