Омӯзиши забони кореягӣ густариш меёбад
Душанбе, 5.02.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар мулоқоти ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ (ДДОТ) Носирҷон Салимов бо сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ён Жон Гу дирӯз масъалаи тавсеаи омӯзиши забони кореягӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тибқи иттилои сухангӯи ДДОТ Бахтиёри Абдураҳим, дар вохӯрии мазкур, ки бо ҳузури чанд тан шаҳрванди ин мамлакат-омӯзгорони забони кореягӣ дар донишгоҳ баргузор шуд, зикр гардид, ки майлу рағбат ва ҷаҳду талоши муҳассилини мо барои азхуднамоии забони мазкур ниҳоят зиёд мебошад. Тавре ки ректор Н.Салимов тазаккур дод, дар маърифатгоҳи мо дар радифи он ки омӯзиши забони кореягӣ ба тарзи дилхоҳ роҳандозӣ шудааст, ҳамзамон Маркази фарҳангии Корея фаъолият дорад, ки барои рушд ва омӯзиши ин забон мусоидат хоҳад кард.
Дар мулоқот ҷонибҳо аз густариши ҳамкориҳо изҳори хушҳолӣ намуда, таъкид доштанд, ки дар оянда таъсиси шуъба ва факултаи забони кореягиро низ бояд ба нақша гиранд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки забони кореягӣ яке аз забонҳои пуркорбурд маҳсуб ёфта, омӯзиши он ҳаргиз аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Ректор Н.Салимов ба сафир мужда расонд, ки донишгоҳ маҷаллае таъсис дод ва дар он осори гаронарзиш ва безаволи адибони бурунмарзӣ аз ҷониби донишҷӯён тарҷума ва нашр мешаванд. Шуруъ аз шумораи аввал, ки то ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ба табъ мерасад, ҳатман дар он тарҷума аз асарҳои намояндагони адабиёти Корея ҷой хоҳад дошт.
Сафир Ён Жон Гу иттилоъ дод, ки чанде баъд муҳлати сафирии ӯ ба анҷом мерасад ва изҳори итминон кард, ки бо сафири тозатаъйин равобити ҳамкорӣ боз ҳам тақвият меёбанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






