Омодагӣ ба интихобот дар ҳавзаи И. Сомонӣ №2 дар кадом сатҳ аст?
Душанбе, 18.02.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии Исмоили Сомонӣ №2 дар интихоботи парлумонӣ 5 нафар номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Инҳо Гулнора Бобоева аз Ҳизби халқӣ- демократии Тоҷикистон, Меликмурод Хоҷаев аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Усмоналӣ Сайдалиев аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Гулбарг Сайфова аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Зулфия Мирзода аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон мебошанд.
Изатулло Сатторӣ -раиси ҳавзаи якмандатаи интихоботии Исмоили Сомонӣ №2 дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани интихоботи парлумонӣ, ки 1 марти соли равон таъйин гардидааст, дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии Исмоили Сомонӣ №2 дар асоси нақшаи корӣ дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ, тамоми шароити мусоиди овоздиҳӣ фароҳам оварда шуда, бо кабинаю қуттиҳои шаффофи овоздиҳӣ таъмин гардидаанд.
Изатулло Сатторӣ афзуд, ки дар 53 участкаи интихоботии ҳавзаи якмандатаи интихоботии Исмоили Сомонӣ №2, ки 9 нафар аъзо дорад, 80 ҳазору 200 нафар интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст ва ба онҳо даъватнома супорида шудааст. Мавсуф афзуд, ки бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги сиёсии интихобкунандагон корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ба роҳ монда шудаанд. Инчунин дар ҳамкорӣ бо Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии кишвар се семинари омӯзишӣ бо аъзои комиссияҳо гузаронида шуда, маводи таблиғотӣ ба тамоми қитъаҳои раъйдиҳӣ тақсим гардидаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






