Омодагӣ ба интихобот дар Хатлон
Ховалинг, 24.02.2015 (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Имрӯзҳо дар ноҳияи Ховалинг чун дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ҷараён дорад.
Бо дастгирии ҳокимияти маҳалӣ ва комиссияи ҳавзаи интихоботӣ барои бештар огоҳонидани сокинон бо ҷараёни интихобот дар бозору марказҳои савдо, терминали мусофиркашонӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ буклету хабарнома ва дастурҳо тақсим шуда истодаанд.
Бояд зикр намуд, ки як қисми чавонон имсол бори аввал дар интихоб иштирок мекунанд, аз ин рӯ ба ҳамаи онҳо тарзи пур кардани бюллетен нишон дода мешавад. Дар баробари ин масъулин ба деҳаҳои дурдасти ноҳия рафта, ба сокинон суҳбату вохӯриҳо гузаронида истодаанд.
Дар айни замон ҳамаи участкаҳои интихоботии ноҳияи Ховалинг ба маъракаи муҳими сиёсӣ пурра омода гардидаанд.
Дар участкаҳои интихоботии ноҳияи Фархор охирин корҳои омодагиро ба интихобот анҷом дода, рӯйхати ҳамаи сокиноне, ки ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро доранд, тартиб додаанд.
Дар кӯчаю хиёбонҳо шиору овеза оид ба рӯзи баргузории интихобот овехта шудаанд. Сокинон аллакай медонанд, ки ба кадом участка рафта овоз медиҳанд. Дар ноҳияи мазкур бо ҷалби васеи ҷавонон иқдоми интихоботӣ гузаронида шуд. Ихтиёриён дар муддати кутоҳ ба сокинони ноҳия беш аз 2 ҳазор буклету дигар ҳуҷҷатҳои огоҳкунандаро тақсим намуданд.То баргузории интихобот рӯзҳои башумор мондааст ва дастандаркорон мақсад доранд дар рӯзҳои минбаъда низ чунин иқдомҳоро доир намоянд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






