Омодагиҳо ба Наврӯзи байналмилалӣ
Душанбе, 04.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба соли фарҳанг ва гулҳо, инчунин дар доираи омодагиҳо ба Наврӯзи байналмилалӣ корҳои ободонӣ вусъати тоза касб намудаанд.
Тавре ки аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, бо ташаббуси ҷавонон дар ин ноҳия ҳашари ноҳиявӣ доир гардид, ки дар он 400 нафар иштирок намуд. Ҷавонон боғи фарҳангии ба номи Абуабдулло Рӯдакии ноҳияро аз партовҳо тоза намуда, 500 бех ниҳоли ҳамешасабз шинониданд. Бо дастгирии ҷавонон 2 тонна партов, 3,5 км ҷӯйбор ва 6000 метри мураббаъ роҳ тоза шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






