Ошкоршавии дуздии маснуоти заргарӣ
Душанбе,28.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи Вахш сокини ҳамин ноҳия Файзигул Шарифова, соли таваллудаш 1980 муроҷиат намудааст, ки рӯзи 25 феврали соли ҷорӣ, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди дӯкони тиллофурӯшиаш, воқеъ дар маркази ноҳия, 97 адад ангуштаринҳои тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Арзиши умумии маснуоти заргарии дуздидашуда 27 ҳазору 50 сомониро ташкил медиҳад.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия шаҳрванд Рустам Қосимов, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Вахшро бо гумони даст доштан дар ҷинояти дуздии мазкур дастгир намуданд.
Далелҳои шайъӣ гирифта шуданд. Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Тибқи маълумоти ВКД ҶТ соли 2014 аз ҷониби кормандони милитсия
3 ҳазору 630 ҷинояти дуздӣ ба қайд гирифта шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






