Озмун — ҷашнвораи байналмилалии «Оҳанги баҳор»
Душанбе, 04.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Аз 23 то 26 март дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Озмун — ҷашнвораи байналмилалии «Оҳанги баҳор» баргузор мегардад, ки дар он гурӯҳҳои эҷодкори Тоҷикистон ҳам метавонанд иштирок кунанд.
Назар ба иттилои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, мақсади асосии озмун дастгирию тарғиби эҷодкорӣ, баланд бардоштани завқи бадеию зебоӣ ва мутобиқати дастовардҳои соҳаи санъат ба меъёри ҷаҳонӣ мебошад.
Ба ҷашнвора гурӯҳҳои мухталифи эҷодкор даъват мешаванд. Чорабинии мазкур бо ибтикори ҷунбиши «Astana Stars» ва дастгирии Раёсати фарҳанги ҳокимияти шаҳри Остона рӯи кор оварда мешавад.
Дар ҳошияи ҷашнвора профессорону омӯзгорони Донишгоҳи миллии санъати Қазоқистон ҳозиронро бо санъати хореография, суруду мусиқӣ ва бахшҳои дигари санъат шинос мекунанд.
Ҷоизони озмун бо инъомҳои қиматбаҳо қадр карда мешаванд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






