Озмуни «Ҳамадон» байни мактабҳои Қурғонтеппа
Душанбе, 02.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Дар асоси нақшаи чорабинии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Қурғонтеппа бахши ҷавонони шаҳр дар таътили зимистона чорабиниҳои гунонгунро роҳандозӣ намуда, дар ин мавсим наврасону ҷавонони зиёдеро ба онҳо ҷалб намуд.
Бахши ҷавонони шаҳр дар баробари доир намудани суҳбату вохӯрӣ ва чорабиниҳои варзишӣ дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маориф байни хонандагони фаъоли 18 муассисаи таълимии шаҳр озмуни «Ҳамадон»-ро доир намуд.
Даври аввали озмун дар муассисаҳои таълимӣ сурат гирифта, ғолибон ба даври дуюм, яъне ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Даври дуюми озмуни «Ҳамадон» дар Литсей- интернати физикӣ-математикии «Ориёно» сурат гирифта, ба дастаҳо саволҳои тестӣ аз фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ пешниҳод шуданд. Баъди санҷиш маълум гардид, ки гурӯҳи хонандагони Литсей-интернати физикӣ-математикии «Ориёно» бо гирифтани 128 хол сазовори ҷои аввал гардиданд.
Баъди ҷамъбаст зинаи дуюмро бо соҳиб шудани 104 хол хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 ва ҷойҳои сеюмро хонандагони мактаби №13 ва 9 сазовор гардида, бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






