Озмуни “Беҳтарин осорхонаи мактабӣ” дар Суғд
Душанбе, 18.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Дар вилояти Суғд 78 осорхонаи мактабӣ фаъолият мебарад, ки 12 адади онро осорхонаи «Шӯҳрати ҷангӣ», «Шарафи ҷангӣ» ва «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» ташкил мекунанд.
Тавре ки Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, бо мақсади баланд бардоштани мавқеи осорхонаҳои мактабӣ дар тарбияи маънавӣ, ватандӯстӣ, инкишофи худшиносӣ, ифтихори миллии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоид барои нигоҳдорӣ ва намоиши бозёфтҳои нодир, ба монанди ашёҳои таърихӣ, нигораҳои қадимӣ бо фармоиши сардори раёсати маорифи вилоят озмуни вилоятии «Беҳтарин осорхонаи мактабӣ» эълон шуд.
Озмун дар ду давр гузаронида шуда, даври хотимавии он дар арафаи ҷашни 70-солагии Иди Ғалаба ҷамъбаст мегардад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






