Озмуни драматургҳо
Душанбе, 18.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бахшида ба Соли оила озмуни ҷумҳуриявии драматургҳоро доир менамояд. Назар ба иттилои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, мақсад аз доир намудани озмун дарёфти асарҳои беҳтарини драммавӣ дар мавзӯи оилаю оиладорӣ ва тарзи солими зиндагӣ аст.
Асарҳо аз 20 феврал то 20 июн қабул карда мешаванд.
Асарҳои озмунӣ иборат аз 3 нусха ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ пешниҳод гардида, онҳо бояд мавзӯъҳои оила, тарзи солими зиндагӣ, мақоми зану модар дар тарбияи кӯдакон, тарбияи насли наврас дар рӯҳи арзишҳои ахлоқиро дар бар гиранд. Муаллиф ё муаллифон барои пешниҳоди фақат як асаре ҳуқуқдоранд, ки ҷавобгӯи талабҳои бадеию ғоявии жанри драматургӣ ва ҳамкории драматург бо коргардони театр бошад.
Асарҳои беҳтарин бо усули овоздиҳии пинҳонии ҳакамҳо муайян гардида, ба репертуари театрҳо дохил карда мешаванд.
Ғолибони озмун бо мукофотҳои пулӣ сарфароз мегарданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






