Озмуни «Ватанпарвар» дар Қурғонтеппа
Душанбе, 17.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Бо мақсади тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстии ҷавонон ва омода намудани онҳо барои ҳифзи Ватан аз 5-уми феврал дар 18 муассисаи таълимии шаҳри Қурғонтеппа бо ташаббуси комисариати ҳарбӣ, шуъбаи маориф, Шӯрои собиқадорони ҷанговарони башардӯст, ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиа, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр озмуни «Ватанпарвар» бахшида ба ҷашни 22-солагии ташкилёбии Артиши миллии ҶТ доир гардид.
Даври ниҳоии озмун дар назди майдони Исмоили Сомонӣ бо иштироки ҳайати ҳакамон ва намояндагони мақомот дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шуд. Иштирокчиёни озмун назди ҳозирин бо иҷрои шартҳо баромад намуда, аз худ маҳорати омодабошии низомӣ ва ташкил намудани лавҳаю гӯшаҳо қобилияти баланд нишон доданд.
Баъди натиҷагирӣ ва иҷрои пурраи шартҳои озмун ҷои аввал насиби Литсеи рақами 1 ва Литсеи тоҷикӣ — туркӣ, зинаи дуюм насиби дастаи муассисаи таълимии рақами 2 ва Литсеи Ориёно гардида, зинаи сеюмро дастаи муассисаи таълимии рақами 4 ва 6 ишғол намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






