Озмуни вилоятӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик
Душанбе, 18.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Бо назардошти саҳми кормандони васоити ахбори оммаи вилояти Суғд дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, тарғибу ташвиқи ғояҳои Истиқлолият 11-уми марти соли равон дар қаламрави вилоят Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад.
Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар доираи баргузории Рӯзи матбуоти тоҷик гузаронидани озмуни вилоятӣ барои дарёфти мукофоти Созмони журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ, озмуни суратгирони касбӣ ва ҳаваскор дар мавзӯъҳои «Наврӯзи байналмилал — ифтихори тоҷикон» ва «70 — солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ», конфронси илмӣ-амалӣ ба муносибати 85 — солагии рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд», спартакиадаи журналистони вилоят оид ба футбол, волейбол, шашка ва шоҳмот, аёдати журналистони бознишаста дар назар аст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






