Падару писар қурбони тарма шуданд
Душанбе, 24.02.2015 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Бар асари фаромадани тарма, ки дирӯз, 23-юми феврали соли 2015 соати 11:45 дақиқа дар километри 158 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ағбаи Шаҳристон дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ ба амал омад, ду нафар-падару писар ба ҳалокат расиданд.
Тибқи иттилои Ориф Нозимов, сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии кишвар дар натиҷаи фаромадани тарма мошини боркаши тамғаи Газел, ки аз самти Душанбе ба тарафи шаҳри Хуҷанд ҳаракат мекард, зери тарма монда, ба чуқурии 50 метр афтид, ки дар натиҷа ронанда Ҳайдарҷон Шокирови 33- сола ва падари ронанда Усмон Шокирови 54-сола, сокинони ноҳияи Б. Ғафуров, ҷамоати деҳоти Ёва чароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расидаанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






