«Пайванди қитъаҳо» — шарики муҳими иттилоотӣ
Душанбе, 04.02.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 3 феврал раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо муовини раиси кормандони матбуоти ҶМЧ, сармуҳаррир, директори маҷаллаи «Контимост», котиби кумитаи ҳизбии «Рӯзномаи иқтисодии Синҷон» Ян Гохуэй мулоқот анҷом дод.
Назар ба иттилои ПСС ҶТ, дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба дар бахши иттилоот баррасӣ шуданд.
Мусоҳибон мақому аҳамияти маҷаллаи «Пайванди қитъаҳо (Контимост)» — и Тоҷикистону Чин дар рушду густариши шабакаи табодули иттилоотию фарҳангии байни Тоҷикистону Чинро ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуданд.
«Ин далели он аст, ки дӯстии Чину Тоҷикистон дар ҳамаи самтҳо густариш меёбад», — гуфт Ян Гохуэй.
«Намояндагони самтҳои иқтисодию фарҳангии ҳар ду кишвар тавассути маҷалла таҳкурсии мустаҳками ҳамкории зич дар Роҳи абрешимро мегузоранд», — изҳор дошт Шариф Саид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






