«Парасту-2015» ба зодрӯзи А. Бурҳонов бахшида мешавад
Душанбе, 26.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ, анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ бахшида ба 100-солагии Ҳунарпешаи халқии СССР Аслӣ Бурҳонов аз 15-ум то 19 июни соли равон дар шаҳри Душанбе фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2015» баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, ки бори нахуст мунаққидон ва коршиносони соҳаи театрии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар якҷоягӣ бо ҳайати ҳакамони Ҷумҳурии Тоҷикистон фестивал-озмунро натиҷагирӣ менамоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






