Пешгирӣ аз парокандашавии оилаҳои ҷавон
Душанбе, 6.02.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар хобгоҳҳои 3 ва 9-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тибқи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи тарбия ва шуъбаи кор бо ҷавонони раёсати донишгоҳ бо мақсади фаҳмонидани моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯдухтарон ва донишҷӯписарон вохӯрӣ доир гардид.
Тавре ки аз ДДХ иттилоъ доданд, вобаста ба амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳои Паёми Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ байни донишҷӯёни хобгоҳҳои донишгоҳ идома доранд.
Дар чорабинӣ муовини ректор оид тарбияи раёсати донишгоҳ Муъминҷон Шамсиддинов ҷавононро вобаста ба татбиқи «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», худшиносию худогоҳии миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсию ҳуқуқӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ва илмомӯзӣ даъват намуд. Сармутахассиси шуъбаи тарбияи донишгоҳ Фаридун Ҳодибоев дар атрофи нуктаҳои муҳими Паёми Сарвари Давлат, махсусан аз дастовардҳои гуногуни соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат ёдовар шуда, оид ба масоили муҳими рӯз пешгирӣ аз экстремизму терроризм, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии «Таҳрир», «Салафия», даст задании ҷавонон ба ҳолатҳои авбошию қаллобӣ, хариду фурӯши одамон ва дигар зуҳуроти номатлуб сухан гуфт.
Ҳамзамон аз ҷониби коршиносон ба ҷавонон оид ба моҳияти эълон гардидани «Соли 2015-соли оила» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мустаҳкам намудани оилаҳои ҷавону пешгирӣ аз муноқиша ва парокандашавии оилаҳои ҷавон изҳори андеша карда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






