Пешгирии ҳодисаҳои номатлуби ҷомеа
Душанбе, 25.02.2015 (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).-24-уми феврали соли равон кормандони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар якҷогӣ бо кормандони шуъбаи кор бо занон ва оила, маориф ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия дар якчанд маҳаллаи ҳудуди ноҳия мулоқот доир намуданд.
Тавре ки Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар маҳаллаҳои Ф. Аҳмедов ва Фахрии ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов, маҳаллаи 9 майи ҷамоати деҳоти Унҷӣ, маҳаллаҳои Сартӯқай, Навоӣ, А. Каримов, 2500-солагии Хуҷанд ва маҳаллаи Ороми ҷамоати деҳоти Ёва оид ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуби ҷомеа, аз қабили вайроншавии оилаҳо, худкушӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва инчунин маъракаи интихоботӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ гузаронида шуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби гурӯҳи тарғиботӣ дар маҳаллаҳои ҷамоатҳои деҳоти Хистеварз, Исфисор, Зарзамин ва шаҳраки Ғафуров оид ба масъалаҳои мазкур корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ доир шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






