Пешгирии коррупсия дар Кӯлоб
Кӯлоб, 20.02.2015. (АМИТ Ховар», Сулаймони Хол).-Кормандони шуъбаи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон мувофиқи нақша дар идораву ташкилотҳои минтақа суҳбату вохӯриҳо оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ доир менамоянд. Чанде қабл чунин вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурустии минтақа доир шуда, зимни он зикр гардид, ки то ҳанӯз новобаста ба назорати пурзӯр дар баъзе аз беморхонаҳо табибон даст ба амалҳои коррупсионӣ мезананд. Соли 2014 -3 амали коррупсионӣ ошкор шуд. Инчунин зикр шуд, ки ҳамаи беморхонаҳо ба маблағгузории сарикасӣ гузаштаанд ва як қисми хизматрасониҳои тиббӣ пулакӣ анҷом дода мешаванд, вале дар баъзе беморхонаҳо нархнома мавҷуд нест, ки ин боиси ташвиши сокинон гардидааст. Сардори раёсати тандурустӣ ба мусъулин супориш дод, ки дар бартараф намудани камбудиҳо ва пешгирии амалҳои коррупсионӣ фаъол бошанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






