Пешгирии офатҳои табиӣ дар Муъминобод
Муъминобод , 17.02.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Ҳамасола бар асари боронҳои пай дар пай ва омадани сел ба хоҷагии халқи мамлакат хисороти зиёд ворид мешаванд. Хусусан сокинони ноҳияи Муъминобод, ки аз ҳудуди он сою дарёчаҳои зиёд мегузарад, дар фасли баҳор мувоҷеҳи чунин мушкилӣ мегарданд. Баҳри пешгирии офатҳои табиӣ имсол дар ноҳия ситоди доимӣ фаъол гардида, ба корҳои соҳилбандӣ тамоми корхонаю ташкилот ва аҳолӣ ҷалб шуд.
Кормандони муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳия низ бо ҷалби техникаи мавҷуда роҳҳоро барқарор карда, дар корҳои соҳилбандӣ ба аҳолӣ ёрӣ мерасонанд. Корҳои соҳилбандӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорон дар дигар сою дарёчаҳои ноҳия идома дорад. То имрӯз ҳазорҳо метри мураббаъ соҳилҳо мустаҳкам гардонида шудаанд. Ба гуфти масъулон корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар қитъаҳои хатарзо то оғози боронҳои баҳорӣ ва баланд шудани маҷрои сою дарёчаҳо идома дода мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки дар давоми панҷ соли охир дар ин мавзеъ дар натиҷаи омадани сел даҳҳо гектар заминҳои корам ва хонаҳои истиқоматию иншооти ёрирасони аҳолӣ хароб гардида, қисми зиёди роҳҳои мошингард, ки деҳаҳоро бо ҳам мепайваст, пурра нест гардидаанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






