Пешгирии сатҳи содиршавии ҷиноят
Душанбе, 24.02.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). -Бо мақсади пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва пешгирии сатҳи содиршавии ҷинояткорӣ дар байни хизматчиёни низомии сатҳу зинаҳои гуногун бо афсарону сарбозон дар асоси нақшаи пешбинишудаи масъулини Прокуратураи гарнизони Душанбе дар қисми низомии 35-02-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрӣ гузаронида шуд.
Масъулини ин мақомот таҳти роҳбарии Прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе полковники адлия Мансур Ҳакимзода бо шароитҳои хизмативу маишӣ ва ҳам таълимиву фароғатии ҳайати шахсӣ шинос гардида, вобаста ба таъминоти ҳамаҷониба ба заминаҳои хуби моддиву техникии он баҳои баланд доданд.
Дар ин воҳиди низомӣ барои афсарону сарбозон тамоми шароити рӯзмарраи хизматӣ, аз қабили хобгоҳи кушоду барҳаво, ошхонаи сарбозӣ, майдончаҳои тактикиву тирандозӣ, хонаи бахт барои афсарону сарбозони оиладор, сехи дӯзандагӣ ва дигар бинову лавозимоти зарурӣ, ки барои истироҳату фароғат, гузаронидани тамрин ва баргузории дигар машғулиятҳои ҳарбиву ҷисмонӣ пешбинӣ шудааст, дар сатҳи баланд ва бо меъёру талаботи ҳозиразамони низомӣ муҷаҳаз гардонида шудааст.
Бо мақсади пешгирии содиршавии ҷинояткорӣ, рафторҳои ғайриоиномавӣ, инчунин тарғиби ғояҳои ватандӯстиву хештаншиносӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар тамоми қисмҳои низомии сохторҳои қудратии мамлакат аз ҳисоби масъулини мақомоти прокуратураҳои ҳарбии гарнизонҳо нозирону сарпарастон муайян гардида, дар мавзеъҳои гуногуни ҳама ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ рақами телефонҳои боварии ин мақомот насб гардидааст, ки сарбозон бе ягон мамониат метавонанд оид ба ин ё он мушкилоти худ бо кормандони мақомоти прокуратураҳои ҳарбии гарнизонҳо дар тамос бошанд.
Дар ин бора аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






