Пирӯзии «Хайр» ба «Sheikh Russel Krira Chakra»
Душанбе, 11.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Бозии даври дуюми интихобии Ҷоми КФО (Конфедератсияи футболи Осиё) — 2015 байни дастаҳои «Хайр»-и Ваҳдат ва «Sheikh Russel Krira Chakra»-и Бангладеш, ки дирӯз дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии футболбозони тоҷик хотима ёфт.
Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, » ба ин тартиб ”Хайр” дар даври севум ва ҳалкунандаи интихобӣ 17-уми феврал дар сафар бо барандаи Ҷоми Лубнон-2014 — бошгоҳи «Салом Ҷҳарта» — вориди рақобат мешавад. Дар сурати пирӯзӣ «Хайр» дар Ҷоми АФК-2015 дар гурӯҳи «А» бо «Ал-Ваҳдат» ё «Зат Рас»-и Урдун, «Ал-Наҳда» ё «Сувайк»-Умон ва ё «Ал-Ваҳда»-и Сурия рақобат хоҳад кард.
Дар ин дидор дастаи «Хайр» муқобили «Sheikh Russel KC” бо чунин ҳайат бозӣ кард: Анатолий Старушенко, Сафаралӣ Каримов, Идибек Ҳабибуллоев, Субҳон Хоҷамов, Баҳодур Шарифов, Мирзобек Мирзоев (капитан, Парвиз Ҳамидов, 90+2), Алишер Ӯлмасов, Маҳмадалӣ Содиқов (Меҳроҷиддин Музаффаров, 47), Ҳасан Рустамов, Дмитрий Медетский, Шодибек Ғаффоров.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






