Пирӯзии варзишгарони тоҷик дар Эрон
Душанбе, 24.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дирӯз дар ҷазираи Киши Ҷумҳурии Исломии Эрон мусобиқаи байналмилалии муайтай доир гардид. Мусобиқаи мазкур миёни кишварҳои Афғонистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Ироқ, Юнон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон доир шуд.
Дар маҷмӯи рақобатҳо бо 4 медали тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ Тоҷикистон мавқеи 3-юмро дар ҳайати даставӣ ишғол намуд. Барандагони медали тилло Фаробахш Шарифов дар вазни 36 кг миёни наврасон, Фирӯз Шарифов дар вазни 63 кг, Шуҳратҷони Исвализода дар вазни 60 кг миёни бузургсолон ва Ҷомӣ Латифов дар вазни 67 кг ба ҳисоб мераванд. Фирӯз Шарифов барои сари вақт мағлуб ва ба нокаут равон кардани ҳарифонаш беҳтарин варзишгари ин мусобиқот эътироф гардид ва бо Ҷом қадрдонӣ шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






