Поси хотири шаҳидон дар Исфара
Душанбе, 16.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Дар арафаи 26 — умин солгарди баровардани Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ аз марзи Афғонистон дар майдон ва пешгоҳи маҷмааи ҷанговарони байналмилал дар Исфара бо ширкати васеи аҳли ҷомеа чорабинӣ доир гардид. Дар ин бора сухангӯи шаҳрдори Исфара Иқбол Тешаев иттилоъ дод.
Ширкатдорони чорабинӣ ба пояи муҷассамаи ҷанговарони байналмиллал гулдастаҳо гузошта, поси хотири шаҳидони ҷанг, аз ҷумла, 12 нафар сарбозону афсаронеро, ки зодаи Исфара буданду дар раванди набардҳо фавтиданд ва ҳам 20 нафар ҷавонмардони солиёни баъдиҷангиро, ки бар асари ҷароҳатҳои гирифтаи худ вафот кардаанд, ба некӣ ба ҷо оварданд.
Тавре ки раиси шаҳри Исфара Зоҳидзода Даврони Абдуқодир зикр намуд, он замон 350 нафар ҷавонони далер ва баору номуси Исфарамарз тибқи уҳдадории шаҳрвандии худ дар хоки Афғонистон адои хизмати ҳарбӣ намудаанд. Барои шуҷоату комёбиҳои ҷангӣ 11 нафари онон ба ордени «Ситораи сурх» ва 67 нафар бо медалҳои арзишманди ҷангӣ мушарраф гардиданд.
Тавре ки Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар арафаи 26 — умин солгарди баровардани Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ аз марзи Афғонистон аҳли оилаи 52 нафар собиқадорон аёдат ва бо кумаки моддии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара фаро гирифта шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






