Рӯнамоии китобҳои кӯдакона
Душанбе, 12.02.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-10 феврал дар Осорхонаи маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон рӯнамоии китобҳои тозанашри кӯдакона барои кӯдакони синни томактабӣ доир гардид. Иштирокчиёни чорабинӣ назари худро роҷеъ ба нашри чунин маводи хонданӣ ва ҷолибу хушсифат иброз намуда, таъкид карданд, ки воқеан кӯдакону наврасони мо ба чунин китобҳо эҳтиёҷ доранд.
Баргузории чорабинии мазкурро президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Каримова татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба густариш ва беҳбуд бахшидани фаъолияти муассисаҳои томактабӣ маънидод намуда, аз номи Раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми ҶТ ба ташаббускорону иштирокдорони чорабинӣ арзи ташаккур намуда, мураттибону рассомон ва ширкатҳои саҳмгузорро ба густариши таҳия ва нашри ҳарчи бештари чунин маводи ҷолиб даъват намуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






