Рӯзи дарҳои кушод дар қисмҳои низомӣ
Душанбе, 13.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Бахшида ба таъсиси Артиши Миллӣ бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва омода намудани ҷавонон барои хизмат дар қисмҳои низомии вилояти Суғд Рӯзи дарҳои кушод баргузор гашта истодааст.
Нахустин чорабинӣ дар қисми низомии 03377 Комендатураи ҳарбии гарнизони Суғд доир гардид, ки дар он наздики 200 нафар ҷавони синни тодаъватӣ иштирок намуд.
Сардори зершуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд Нозимҷон Шоҳмаҳмадов наврасонро бо шароит ва низоми хизмати сарбозон ошно намуд.
Ҳамчунин ба иштирокдорони чорабинӣ тарзи истифодаи яроқу аслиҳа, шароити хобгоҳ, синфхонаи дарсиву истироҳатӣ ва ошхона намоиш дода шуд.
Рӯзи дарҳои кушод дар дигар қисмҳои низомии вилоят низ баргузор мегардад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






