Раванди тартиби нигоҳдории ҳуҷҷатҳои интихоботӣ

Февраль 24, 2015 10:46

          Душанбе, 24.02.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Масъалаҳои муқаррар кардани тартиби нигаҳдории ҳуҷҷатҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Маҷлиси Олӣ ва муайян намудани тартиб ва муҳлати нигаҳдории бюллетенҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Маҷлиси Олӣ  дар ҷаласае, ки 24 феврал таҳти раёсати Шермуҳаммади Шоҳиён -раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
         Ҳамин тариқ, тибқи талаботи банди 18 моддаи 12 -и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Номгӯи ҳуҷҷатҳои намунавие, ки ба нигаҳдории давлатӣ супорида мешаванд,  тартиби нигаҳдории ҳуҷҷатҳои интихоботӣ, тартиб ва муҳлатҳои  нигаҳдории бюллетенҳои интихоботӣ муқаррар шуданд.
       Зикр шуд, ки бо мақсади риояи қатъии тартиби нигаҳдории ҳуҷҷатҳои  вобаста  ба омодагӣ ва баргузории интихобот тибқи талаботи Номгӯи ҳуҷҷатҳои намунавӣ, ки бояд нигаҳдорӣ шаванд, баъзе аз ҳуҷҷатҳои муҳими интихоботӣ, аз ҷумла қарорҳо оид ба ташкили ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ, ташкили комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот, намунаҳо, нусхаҳои ҳуҷҷатҳои комиссияҳои ҳавзавӣ, протоколҳои комиссияҳои интихоботӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ ва натиҷаи интихобот ба таври доимӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Ҳамзамон муқаррар гардид, ки бюллетенҳои интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ то эълони натиҷаи ниҳоии интихобот нигоҳ дошта шаванд.
         Дар ҷаласа хамчунин масъалаҳои муҳими омодагиҳои ниҳоӣ ба интихобот, аз ҷумла ба интихобкунандагон дастрас намудани хабарномаҳо дар бораи вақт ва ҷойи овоздиҳӣ, аз ҷониби комиссияҳои ҳавзавӣ ба комиссияҳои участкавии интихобот на дертар аз 2 рӯз пеш аз овоздиҳӣ дастрас кардани бюллетенҳои интихоботӣ,  пурра ва ҳамаҷониба муҷуҳҳазгардонии биноҳои овоздиҳӣ, таъмини пурраи участкаҳои интихоботӣ бо қуттиҳои шаффофи овоздиҳӣ, муташаккилона баргузор ва ҷамъбаст намудани овоздиҳӣ дар рӯзи 1 марти соли 2015 ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
        Дар ҷаласа таъкид гардид, ки маъракаи тарғиботиву ташвиқотии пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилӣ, вохӯриҳои онҳо бо интихобкунандагон бояд рӯзи 27 феврали соли 2015 пурра ба охир расонида, тартиби нави пур кардани бюллетенҳои интихоботӣ аз ҷониби интихобкунандагон қатъиян ва ҷиддӣ риоя шавад. 
Инчунин бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ як зумра нозирони байналмилалӣ бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷӣ аккредитатсия шуданд.
 
 

Февраль 24, 2015 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод офатҳои табиӣ бартараф карда мешаванд
Дар шаҳри Конибодом ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
«БАРОИ СУЛҲ ВА ДӮСТӢ». Таҳти чунин унвон дар Тоҷикистон фестивали байналмилалӣ оғоз гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Бахшида ба он дар дувоздаҳ шаҳру ноҳияи Тоҷикистон фестивалҳои футбол доир мешаванд
Имрӯз бори нахуст Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияиҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони бошиддат дар назар аст
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Рӯзи ҷавонон бо шаҳомати хосса таҷлил карда шуд
Ба ифтихори Рӯзи ҷавонон дар шаҳри Роғун бо иштироки зиёда аз 2500 нафар роҳпаймоӣ доир гардид
Дар Душанбе нишасти матбуотии Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор гардид
СИГНАХИ. Шаҳри муҳаббат ва маконе дар Гурҷистон, ки дар он ҳамеша сулҳ пойдор будааст
«МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-ОЙИНИ ХУДШИНОСӢ». Дар ноҳияи Синои пойтахт даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад