РИР: “Ба пахши гузоришҳои ғайримунсифона хотима диҳед”
Душанбе, 26.02.2015.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Раёсатҳои истифодаи роҳҳои (РИР) ноҳияҳои пойтахт бо баррасии гузориши телевизионии барномаи «Ахбор»-и Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон, ки субҳ ва нисфирӯзии 24 феврали соли 2015 дар иртибот ба ҳолати нигаҳдорӣ ва бехатарии роҳҳо зимни бартарафсозии бориши барфи пуршиддат оид ба фаъолияти РИР пахш гардид, қотеъона талаб менамоянд, ки ба пахши гузоришҳои ғайримунсифона хотима дода шавад.
Дар посухи масъулини РИР, ки ба унвонии директори Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон С. Гадоев ирсол гардидааст, гуфта шудааст, ки РИР аз ҷониби ситодҳои доимии шаҳрию ноҳиявӣ бобати пешгӯии боду ҳаво ва боришоти барф қаблан огоҳонида шуда, омодагияшон берун аз хостаҳои гузоришгарон роҳандозӣ гардида буд. Бо инобати аз соати 6-и субҳ оғоз гардидани бориши барф, дар тамоми ноҳияҳо техникаҳо ва кормандон барои пошидани маводи инертӣ дар роҳҳо сафарбар шуданд, ки то соати 12-00 аз ҷониби РИР 1745 тонна маводи мазкур дар роҳҳо пошида шуданд. Инчунин дар посух зикр шудаааст, ки техникаҳои барфрӯбӣ тибқи меъёрҳои роҳсозӣ ВСН 24-88 “Қоидаҳои техникии таъмир ва нигоҳдории роҳҳои нақлиётӣ” танҳо пас аз 10 см шудани қабати ғафсии барф сафарбар карда мешаванд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






