Роҳандозии «Хайбар-35» дар Афғонистон
Душанбе,04.02.2015. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Дар ҳудуди вилояти Лағмони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амалиёти зиддитеррористии кормандони воҳидҳои низомӣ оғоз ёфта, дар пайи амалиёти бобарори низомӣ 4 аъзои ҳаракати «Толибон» безарар гардонда шуда, 20 силоҳбадасти дигар дастгир гардид. Гуфта мешавад, ки амалиёти мазкур таҳти унвони рамзии «Хайбар-35» бо мақсади нобуд сохтани гурӯҳҳои боқимондаи террористие, ки дар қаламрави вилоят амал мекунанд, роҳандозӣ гардидааст.
Душанбе,04.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Шаби гузашта неруҳои пешмаргаи Курд бо кумаки неруҳои эътилофи байналмилалӣ чанд деҳаи атрофи шаҳри Киркуки Ироқро аз тасарруфи ҷангиёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» озод намуданд. Гуфтан ба маврид аст, ки дар муҳорибаҳои мусаллаҳона бар зидди силоҳбадастон теъдоди зиёди неруҳои пешмаргаи Курд низ талаф ёфтанд.
Душанбе,04.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Аз сабаби боришоти зиёди борону барф дар қисми шарқии Булғористон обхезии шадид ба амал омад. Офати мазкур аллакай чанд қурбонӣ бар ҷой гузошт. Ин дар ҳолест, ки теъдоди бедаракшудагон лаҳза ба лаҳза меафзояд. Гуфта мешавад, ки чунин офат дар дигар кишварҳои ҳавзаи Балкан бо шумули Македония ва Албания низ ба назар мерасад.
Душанбе,04.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар обҳои наздисоҳилии Яман киштии мусофирбар ба фалокат дучор омада, 35 нафар бедарак гардид. Мувофиқи иттилои расида, фоҷеа дар гулӯгоҳи Баб-эл-Мандеб сар задааст. Мутахассисони соҳа сабаби сар задани ҳодисаро аз номусоидии вазъи ҳаво медонанд. Дар айни замон амалиёти ҷустуҷӯӣ барои пайдо кардани мусофирони боқимонда ба таври густурда идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст






