Роштқалъа: бунёди бинои маъмурӣ дар муддати кутоҳ

Февраль 7, 2015 10:40

Душанбе, 07.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  «Танҳо  дар соли 2014 дар ноҳияи Роштқалъа ба маблағи беш аз 20 миллион сомонӣ корҳои таъмир, навсозӣ ва бунёди иншооти таълимӣ ва коммуникатсионӣ ба анҷом расидаанд». Ин нуктаро раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед зимни мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои дуошёнаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа иброз намуд.  
Сохтмони бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа дар фосилаи ниҳоят кӯтоҳ, дар давоми як сол анҷом ёфт.  Дар ҷамъомад Шодихон Ҷамшед  иброз дошт, ки солҳои пеш сохтмони чунин иншоот дар давоми чор-панҷ сол мавриди истифода қарор мегирифт, вале бо шарофати дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ин кор дар давоми як сол анҷом пазируфт. 
Барои сохтмони он бештар аз 8 миллион сомонӣ ҷудо гардид ва иншооти мазкур бо заҳмати шабонарӯзии бинокорони Муассисаи сохтмонии №2-и ноҳияи Роштқалъа, кумаки ҳамарӯзаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия бо сифати баланд мавриди истифода қарор дода шуд.  

Февраль 7, 2015 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст