Рушди ҳамкориҳо миёни милитсияи Тоҷикистону Эрон
Душанбе, 10.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дирӯз вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатулоҳ Фағонӣ мулоқот анҷом дод.
ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад, ки дар вохӯрӣ ҳамчунин Беҳзоди Рафеъӣ — вобастаи низомии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ва Саидмӯҳсин Рашид-ул-Исломӣ — мушовири сафир ширкат варзиданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм, сепаратизм ва хариду фурӯши ғайриқонунии силоҳ табодули афкор намуданд.
“Масъалаҳои мазкур на танҳо Тоҷикистону Эрон, балки тамоми давлатҳои минтақаро ба ташвиш овардаанд. Дар ин масоил Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон равобити зичи ҳамкориҳоро роҳандозӣ намудаанд»,-зикр шуд дар мулоқот.
Дар мулоқот тарафҳо аз рушд ёфтани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






