Рушди афкори китобдории тоҷик дар даврони истиқлол
Душанбе, 02.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бо иштироки олимони соҳаи китобдорӣ ва коршиносон дар мавзӯи “Рушди афкори китобдории тоҷик дар даврони истиқлол” конфронси илмӣ — амалӣ доир гардид.
Дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии бо номи Мирсаид Миршакар, ки фонди умумиаш 102 ҳазору 736 нусха аст, дар мавзӯи “Китоб — оинаи фазлу камол” семинари ҷумҳуриявӣ ва семинар- тренинги “Технологияи муосири иттилоотӣ — коммуникатсионӣ дар раванди хизматрасонӣ ба хонандагон дар китобхона” баргузор гардида, фонди китобхона бо 1128 нусха китоби тозанашр ва матбуоти даврӣ мукаммал гардид. Китобхона бо 6172 хонанда хизмат расонидааст, ки дар маҷмӯъ аз 16 ҳазору 784 нусха китоб истифода бурдаанд. Ба ифтихори рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ маҳфили ҷумҳуриявии “Мавлавихонӣ” бо ҷалби ҳунармандон аз шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Рӯдакӣ, Сино, муасисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ва адибони маъруф сурат гирифт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






